Дар ҳарими ҳавоии Украина парвозҳои авиатсияи гражданӣ маҳдуд шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парвозҳои авиатсияи гражданӣ дар ҳарими Украина бинобар таҳдидҳои эҳтимолӣ маҳдуд карда шудаанд, бармеояд аз NOTAM, ки рӯзи панҷшанбе дар сомонаи Идораи федералии авиатсияи ИМА (ФАУ) нашр шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод.
NOTAM – иттилооти фаврӣ дар бораи тағйирот ба қоидаҳои иҷро ва таъмини парвозҳо, инчунин иттилооти аэронавигатсия мебошад.
«Парвозҳои ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ ба фурудгоҳҳои Киев, Днепр, Лвов ва Одесса бинобар таҳдидҳо ба авиатсияи гражданӣ маҳдуд шудаанд», — гуфта мешавад дар гузориш.
Қаблан нашрияи махсуси Avianews хабар дода буд, ки фурудгоҳҳои Харков ва Днепрро шоми чоршанбе то субҳи панҷшанбе муваққатан бастанд. Ҳамчунин 22 феврал намояндаи милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин дар бораи хатари эҳтимолӣ ба ҳавопаймоҳои мусофирбар дар фазои Украина иброз дошт. Дар ин бора ӯ зимни брифинг бо намояндагони ВАО хабар дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






