Дар Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ ба муҳлати як сол тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022 бақайдгирии дубораи симкортҳо барои шиносномаҳои ID-корт то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд. Ин матлабро муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд мегирифтанд.
Мавсуф гуфт, ки «дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазору 345 симкорт бо шиносномаҳои ID-корт ба қайд гирифта шуда, беш аз 2 млн симкорт дар ҳолати азнавбақайдгирӣ қарор доранд. Аз он симкортҳое, ки то ҳол аз қайд гузаронида нашудаанд, 1,8 млн фаъоланд».
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи банди 3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” ба номи як шахс дар асоси шиносномаи ID намунаи соли 2014 на зиёда аз 2 SIM-корт аз тамоми ширкатҳои мобилӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд шиносномаи худро бо ID иваз намояд, зеро шиносномаи ID тибқи талаботи байналмилалӣ тамоми маълумоти заруриро доро буда, барои бехатарии шахс дар оянда зарур аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






