ФАВРӢ! Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ Украинаро тарк мекунанд

Февраль 12, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони намояндагии дипломатии Русия Украинаро тарк мекунанд, хабар додааст манбаи огоҳ ба РИА Новости. «Тибқи изҳороти шаҳрвандони Украина, дипломатҳо ва кормандони консулгарии Русия дар Украина ба рафтан ба Русия шурӯъ кардаанд. Дар ин бора, бахусус, мушкилоте, ки ҳангоми таъйини қабул дар консулгарӣ ва сафорат ба вуҷуд омадаанд, гувоҳӣ медиҳанд», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи манбаи агентӣ, дар пасманзари аз ҷониби бархе кишварҳои Ғарб расман эълон гардидани тахлия, ин «ба он далолат медиҳад, ки Москва низ тасмим гирифтааст ба ҳамон роҳ равад».

«Ногуфта намонад, ки Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо вазири корҳои хориҷии Британия Элизабет Трасс ба эҳтимоли чунин сенария ишора кард», — ёдовар шуд ӯ.

Мулоқоти Лавров ва Трасс 10 феврал баргузор шуд. Дар он вазири корҳои хориҷии Русия зикр кард, ки Москва амалкарди кишварҳои Ғарбро дид ва шояд ба кормандоне, ки дар ниҳодҳои дипломатии Русия асосӣ нестанд, низ тавсия диҳад, ба ватан баргарданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар сафорати Русия дар Киев, дар навбати худ, ба ТАСС гуфтанд, ки онҳо ҳолати маъмулӣ фаъолият доранд ва ҳеҷ қароре дар бораи қисман тахлия набуд, ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин самт кор мекунад.

Дар бораи нақшаи тахлияи кормандони сафоратҳои худ аллакай ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва Австралия эълон карданд. Бисёре аз кишварҳо ба монанди Канада, Финландия, Латвия, Ҳолланд, Эстония, Ҷопон, Зеландияи Нав ва ғайра аз шаҳрвандони худ даъват кардаанд, ки Украинаро фавран тарк намоянд.

Дар моҳҳои охир равобити Русия ва Ғарб боз ҳам муташанниҷ гардид. Вашингтон ва Брюссел Москваро дар омодагӣ ба «таҷовузи Украина» ва кашидани неруҳои Русия ба марз бо кишвари ҳамсоя муттаҳам мекунанд. Ҳамин тавр, шаби гузашта Ҷо Байден ба роҳбарони дигари Ғарб гуфт, ки «Русия ҳамлаи ҷисмониро аллакай аз 16 феврал оғоз хоҳад кард». Бо вуҷуди ин, мусоҳибони президент маълумоти иктишофии Амрикоро бо шубҳа қабул карданд, менависад рӯзномаи Politico.

Дар ин замина Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ҳузури худро дар наздикии марзҳои Русия тақвият медиҳад. Чанде қабл маълум шуд, ки ИМА иловатан ба Полша 3000 сарбоз ва 4 эсминетсро ба Аврупо мефиристад.

Дар Русия ҳама иддаоҳоро рад мекунанд ва хотиррасон менамоянд, ки Киев тавофуқоти Минскро иҷро намекунад: мақомоти Украина нисфи ҳайати артишро дар наздикии хатти ҳамҳудуд ҷамъ овардаанд ва ба сӯи сарбозони халқӣ аз аслиҳаи мамнуъ тир холӣ мекунанд. Кремл ва Вазорати корҳои хориҷӣ борҳо таъкид карданд, ки ҳадаф аз ин хабарҳо «дар бораи таҷовуз» таъсиси гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст. Онҳо ҳамчунин шарҳ доданд, ки сабаби аслии ташаннуҷи авзоъ амалҳои ИМА ва СААШ аст, ки Украинаро бо аслиҳа таъмин мекунанд ва ба ин васила онро ба моҷароҳои низомӣ тела медиҳанд.

 

ДАР АКС: бинои сафорати ФР дар Украина. Акс: © Андрей Ратмиров/ТАСС

Февраль 12, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад