ФАВРӢ! Думаи давлатии Русия ба ҷонибдории лоиҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод

Февраль 15, 2022 16:35

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи пленарӣ ба ҷонибдории лиоҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Тавре раиси палатаи поёнии парлумони Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, санад фавран ба сарвари давлат (Президенти Русия Владимир Путин, — тавз. АМИТ «Ховар») фиристода мешавад.

«Вакилон бар онанд, ки эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои таъмини кафолати амният ва ҳифзи сокинони ҷумҳуриҳо аз таҳдидҳои беруна, инчунин барои таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва суботи минтақа замина фароҳам меорад», — таъкид кард ӯ.

19 январ вакилони парлумон аз Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия ба президенти Русия дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донбасс ба ҳайси кишварҳои мустақил ва фавран баргузор намудани гуфтушунид бо раҳбарияти онҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои муносибатҳои байнидавлатӣ ва танзими тамоми чиҳатҳои ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ лоиҳаи муроҷиатро пешниҳод карданд.

14 феврал вакилони «Русияи воҳид» ба Думаи давлатӣ санади қарор дар бораи машварат бо Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба лоиҳаи қатъномаи Ҳизби коммунисти Федератсияи Русияро пешниҳод намуданд.

Ба гуфтаи Володин, Вашингтон ташаннуҷро зиёд карда, ҳамроҳ бо кишварҳои аврупоӣ ба Украина силоҳ интиқол медиҳад ва Киев иҷро накардани тавофуқоти Минскро идома медиҳад. Ҳамаи ин ба ҳаёти шаҳрвандони Русия ва ҳамватанони муқими ҶХД ва ҶХЛ таҳдид ва хатар эҷод мекунад.

Тавре роҳбари фраксияи Ҳизби коммунист дар Думаи давлатӣ Геннадий Зюганов чанде пеш ба РИА Новости иттилоъ дод, вазъ дар Украина нигаронкунанда аст ва дар ҷаласаи Дума қабули ҳама гуна лоиҳаи муроҷиат ба президент дар мавриди эътирофи ҶХЛ ва ҶХД қадаме ба пеш хоҳад шуд.

 

АКС: © РИА Новости

Февраль 15, 2022 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд