ФАВРӢ! Путин дастур дод, ки дар Донбасс амалиёти махсус оғоз карда шавад

Февраль 24, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин дар муроҷиати махсус ба шаҳрвандони Русия эълон намуд, ки дар бораи амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Донбасс қарор қабул кард, хабар медиҳад имрӯз РИА Новости.

«Вазъ аз мо чораҳои қатъӣ ва фаврӣ талаб менамояд. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд. Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 51, қисми 7-и Оинномаи СММ, иҷозати Шӯрои Федератсия ва ба хотири иҷрои шартномаҳои дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ ман дар бораи гузаронидани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул кардам», — гуфт В. Путин зимни муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони Русия.

Ӯ тазаккур дод, ки дар нақшаҳои Русия ишғол кардани Украина нест, аммо Москва барои демилитаризатсияи он талош хоҳад кард.

«Русия наметавонад худро бехатар ҳис намояд, рушд кунад ва бо таҳдиди доимии аз Украинаи муосир бароянда вуҷуд дошта бошад», — гуфт Путин ва зикр кард, ки аз тарафи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) аз худ кардани Украина қобили қабул нест.

Путин таъкид кард, ки Русия соҳибихтиёрии кишварҳои ИДМ-ро эҳтиром мекунад ва хоҳад кард.

СААШ, тавре Путин таъкид намуд, ба сарҳадҳои Русия бисёр наздик мешавад. Москва, ба гуфтаи ӯ, 30 сол боз кӯшиш дорад, ки дар бораи ба шарқ наздик нашудани Созмони мазкур гуфтушунид кунад ва ба фиребу найранг ва фишор дучор шуд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд