Франк-Валтер Штайнмайер аз нав президенти Олмон интихоб шуд

Февраль 14, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе Маҷлиси федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер аз Ҳизби сотсиал-демократро барои давраи дуввум ба муҳлати панҷ сол президент интихоб кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Spiegel» хабар медиҳад, дар ин бора Раиси Бундестаг Бербел Бас, ки раисии Маҷлиси федеролиро бар уҳда дошт, эълон кард.

Вакилони маҷлис — ниҳоди махсуси конститутсионӣ, ки барои интихоби президент ҷамъ меояд, 1472 нафар мебошанд. Штайнмайер 1045 овоз гирифт. Дар аввал қариб ҳизбҳои асосӣ аз номзадии ӯ тарафдорӣ карданд.

«Алтернатива барои Олмон» номзадии Макс Отте, «Ҳизби чап» — Герҳад Траберт ва «Овоздиҳандагони озод» — Стефани Гебауэрро ба мансаби президентӣ пешбарӣ карданд. Тавре мушоҳидони маҳаллӣ аз аввал зикр карданд, онҳо барои ғалаба имконият надоштанд.

Штайнмайер аз 19 марти соли 2017 инҷониб пас аз Йоахим Гаук президенти Олмон мебошад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд