Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ: 15 нафар роҳбарони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо аз мансабҳои ишғолнамуда озод карда шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ҷобаҷогузории кадрҳо ва тоза намудани сафи кормандон аз шахсони тасодуфӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар раисон ва 9 нафар муовинони раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳори назар намуд.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки соли 2021 124 нафар кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд, аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд, ки 6 нафари он директор, 9 нафар муовини директор, 10 нафар бақайдгиранда ва 99 нафар мутахассисони корхонаҳо буданд.
Барои даст доштан ба ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, инчунин қаллобӣ соли 2021 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 74 нафар кормандон ва собиқ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва муассисаву корхонаҳои системаи он барои содир намудани 149 ҷиноят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Сабаби зиёд шудани ҷиноятҳо дар соли 2021 асосан ошкор шудани ҷиноятҳои собиқ кормандони Кумитаи давлатӣ, аз ҷумла КВФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Ориф Ҳоҷазода иброз дошт, ки дар натиҷаи гузаронидани аттестатсияи ғайринавбатӣ, ки аз моҳи июл то сентябри соли 2021 гузаронида шуд, аз 116 нафар хизматчиёни давлатии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 108 нафар аз аттестатсия гузашта, ба мансаб мувофиқ дониста шуданд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барои такмили ихтисоси кормандон чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати пешгирии содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ фаъолияти ҳар кормандро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2026»-ро таҳия намуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ гардид.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






