Намояндагони Тоҷикистон бо роҳбари Федератсияи муҳоҷирони кишвари Забайкалйе вохӯрӣ намуданд

Февраль 18, 2022 15:04

ДУШАНБЕ, 18.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари қабулкунанда, баргузории машваратҳои гурӯҳи дуҷониба дар доираи мувофиқаи ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират 17 феврал зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Ятим Давлатхоҷа ва масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Сибир Шералӣ Нуриддинов бо роҳбари Федератсияи муҳоҷирони кишвари Забайкалйе Анна Вертипрахова баррасӣ гардид.

Тавре масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои гуногунҷабҳа дар доираи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Забайкалие мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мусоҳибон оид ба масъалаҳои интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари қабулкунанда, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити хубу корӣ барои онҳо, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар кишвари иқомат, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷиратӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот барои амалӣ намудани дархостҳои тарафайн ва тақвияти ҳамкории минбаъда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Акс аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

Февраль 18, 2022 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст