Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Тоҷир пласт»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”-ро ифтитоҳ карданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат дар маркази шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Мирхолиқов бунёд гардидааст.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”, ки дар раванди татбиқи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ва ширкату корхонаҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон, ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.
Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас ва васлу насб гардидаанд. Ашёи хом асосан аз Ҷумҳурии Узбекистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба корхона дастрас мегардад.
Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд ва солҳои охир талабот ба онҳо бештар гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда намуна арзёбӣ карданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






