ТОҶИКИСТОН ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНРО БА РАЪЙДИҲИИ БЕЛАРУС МЕФИРИСТАД. Дар Минск аллакай беш аз 180 нозири байналмилалӣ аккредитатсия шуданд

Февраль 24, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон намояндагонро барои назорати раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи Беларус равон мекунад. Ҳайати моро раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода раҳбарӣ менамояд.

Тавре хабаргузории давлатии Беларус «БелТА» иттилоъ дод, Минск қаблан ба намояндагони КМИ Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нома ирсол карда буд. Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус нозиронро дар асоси даъват аккредитатсия мекунад. Тибқи иттилои КМИ Беларус, то имрӯз беш аз 40 000 нозири миллӣ ва 181 нозири байналмилалӣ аккредитатсия шудаанд.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, теъдоди нозирони намояндагии ИДМ ба 144 нафар расид, ки аз ин шумора 37 нафарро Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ фиристода, 19 нозири мустақили байналмилалӣ ба он шомил шудаанд. Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ду нозир намояндагӣ намуда, аз Созмони ҳамкории Шанхай 4 нозир аккредитатсия шуда, 12 нозирро комиссияҳои марказии интихоботии Озарбойҷон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон намояндагӣ мекунанд.

Дар раъйпурсӣ 44 296 нафар нозирони миллӣ низ аккредитатсия шудаанд, ки аксари онҳо аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз қабили иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷавонони Беларус, «Белая Рус», Иттифоқи занони Беларус мебошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссияҳои раъйпурсӣ беш аз 2000 нозир фиристоданд, ки аксари онҳо намояндагони Ҳизби коммунист мебошанд. Намояндагони мухолифини Беларус дар рӯйхати нозирони миллӣ нестанд.

Тибқи фармони президенти Беларус, раъйпурсии конститутсионӣ 27 феврал баргузор мешавад. 22 феврал овоздиҳии пешакӣ оғоз гардид, ки то 26 феврал идома меёбад. Иштироки мардум барои овоздиҳии пешакӣ дар раъйпурсӣ дар ду рӯз ба 14,53% расид.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад