Вакилони Маҷлиси намояндагон иҷрои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Оид ба иҷрои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар муҳокима вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Дилрабо Мансурӣ ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдулхолиқзода иброз намуданд.
Дар ин зимн гуфта шуд «аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва корбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Аҳолии кишвар сол аз сол ба миқдори 2.6 фоиз зиёд шуда, сол аз сол ҷавонтар шуда истодаанд. Агар соли 2019 синни миёнаи аҳолӣ ба 25 сол баробар бошад, он соли 2021 ба 22 баробар гардид. Ин аз як ҷиҳат агар хурсандиовар бошад, аз ҷиҳати дигар он дар назди масъулин барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи аҳолӣ иҷрои вазифаҳои мушаххасро талаб мекунад».


Зикр шуд, ки таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи ҷавонони аз 15 то 29-сола, ки ба шуғл фаро гирифта нашудаанд, сол аз сол зиёд мешавад. Ин қишри ҷомеа осебпазир арзёбӣ мегардад ва баҳри андешидани тадбирҳои мушаххас вобаста ба шуғли муносиб фаро гирифтани ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бо афзоиш ёфтани аҳолии мамлакат ҳамасола бояд зиёда аз 300 000 ҷои нави корӣ таъсис дода шуда, ҷавонон ба ҷойҳои кори доимӣ фаро гирифта шаванд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳиссаи ҷавонон дар рушди иқтисодиёти кишвар нисбат ба дигар қишри аҳолӣ бузургтар аст. Бинобар ин барои андешидани тадбирҳои мушаххас нисбат ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати дастгирии ҷавонон корҳои муфидро иҷро кардан зарур аст. Нақшаи маблағгузории Барнома асосан аз баргузории чорабиниҳои ташкилӣ, фаҳмондадиҳӣ ва амсоли инҳо иборат мебошад, ки барои ташкили кори бомуваффақият имконият фароҳам меорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Сараудитор оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода сухан гуфтанд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКСҲО: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст






