Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гардид

Февраль 18, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои эътирофи фидокории кормандони тиб ва уҳдадориҳои бардавоми қувваи беҳдошт ва нигоҳубин дар беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии мардум сарфароз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷоизаи мазкурро имрӯз зимни ҷаласаи расмии Шӯрои ҳамоҳангсози байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мушовири СҶТ оид ба сиёсати тандурустӣ Илкер Даштан ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дастовардҳои асосӣ дар самти пешгирӣ, ташхису табобат ва назорати бемории сироятии COVID-19 дар давраи пандемияи COVID-19- ин таҷдиди назар гардидани ҳамгироии фаъолият байни муассисаҳои беморхонавӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа роҳҳои самаранок ва фаврии мушкилоти ташхису табобат, дарёфт ва безараргардонии манбаи сироят, ба канорагирӣ равон намудани нафароне, ки бо бемор дар тамос буданд, фароҳам омаданд. Ҳамзамон дар ин самт чорабиниҳои зиёд анҷом дода шуданд, ки дар худ як навъ ташаббусу тадбирҳо ё модели миллии пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, аз ҷумла COVID-19-ро ифода менамояд.

Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои вокуниш бар зидди бемории коронавирус таъмин гардиданд.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни  тамоми давлатҳои ҷаҳон дар зинаи 14-ум аз лиҳози фарогирии ваксинатсия қарор гирифт. Моҳи феврали соли равон фарогирии сокинон ба ваксина то 90 фоиз расида, то охири моҳ ин рақам боло хоҳад рафт.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 воя ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудаанд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 18, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд