Зарфияти иқтисодии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ 23-27 феврал бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ин шаҳр Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратию саноатӣ баргузор гардид, ки дар он дар гӯшаи Тоҷикистон тавассути наворҳои видеоӣ зарфияти тиҷоратию иқтисодӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва имконоти сармоягузории кишвар муаррифӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ин намоишгоҳ гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, нигораҳои ҳунарҳои миллӣ, аксҳои инъикоскунандаи табиати зебои Тоҷикистон ва брошюраҳо дар бораи имконияти сайёҳии кишвар манзури зоирин гардиданд», — гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Амири минтақаи Маккаи мукаррама, Вазири тиҷорати Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Арабистони Саудӣ ва доираҳои соҳибкорию саноатии кишвари иқомат сурат гирифт.
АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






