Ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи Русия тақвият меёбад

Март 17, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Губернатори ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Юграи Федератсияи Русия Алексей Забозлаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро  миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи  мухтори  Ханти-Мансийск-Юграро баррасӣ карданд.

Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак таъкид гардид.

Ҳамзамон маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

А. Забозлаев ҷониби Тоҷикистонро барои  иштирок  дар IT-форум, ки баргузории он  7-9 июни соли равон  дар ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкорӣ миёни  минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханти-Мансийск-Югра  изҳор карданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 17, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд