Дар майдони маҷмааи «Дуои модар»-и назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар майдони маҷмааи «Дуои модар»-и назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур.
Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассама оғоз ёфта, дар он модарону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон ширкат намуданд.
Сипас, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи модар суруду таронаҳои ҷолиб қироат намуда, ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар тибқи нақшаи чорабиниҳо баргузории аксияву ҳамоишҳои идона, аёдати модарону бонувони собиқадору барӯманд, модарони яккаву танҳо ва аз оилаҳои ниёзманд бомаром ҷараён дорад.


Ёдовар мешавем, ки маҷмааи «Дуои модар» ҳамчун рамзи муҳаббати поку самимӣ, эҳтироми бузург, арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии кулли модарони тоҷик бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2021 қомат афрохт. Муҷассамаи «Дуои модар» бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метр мебошад.
АКСҲО: МИҲД-и ш. Гулистон/АМИТ «Ховар»









15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






