ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ПОЙТАХТИ РУСИЯ ПӮШИДАНИ НИҚОБ БЕКОР ГАРДИД. Бо вуҷуди ин ҳар нуҳумин сокини Москва чун пештара онро мепӯшад

Март 16, 2022 12:01

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 11 дарсади сокинони Москва тасмим гирифтаанд, ки ҳатто пас аз бекор шудани  низоми ниқоб дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд, чунин бармеояд аз натиҷаҳои назарсанҷии хадамоти ҷустуҷӯи кор SuperJob. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба РБК хабар медиҳад. 

16% пурсидашудагон розӣ шуданд, ки танҳо дар баъзе ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқобро идома диҳанд. Дар миёни онҳо- нақлиёти ҷамъиятӣ (аз ҷумла метро), марказҳои савдо ва мағозаҳо, ҷойҳои серодам, дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, лифтҳо, вокзалҳо ва фурудгоҳҳо, осорхонаҳо ва китобхонаҳо, муассисаҳои давлатӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, 51% москвагиҳо тасмим гирифтаанд, ки дигар дар ягон ҷо ниқоб напӯшанд. Ба ғайр аз ин, миёни пурсидашудагон аксарият (69%) бекор кардани низоми ниқобро дар пойтахт ҷонибдорӣ карданд, вале 16% мухолиф буда, ин тасмими худро ба он рабт додаанд, ки коронавирус ҳанӯз хотима наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Русия аз 15 март низоми ҳатмии пӯшидани ниқоб дар нақлиёт ва биноҳои дохилӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва чораҳои зидди COVID-19 дар корхонаву ташкилот бекор  карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар Тоҷикистон низ бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 аз 7 марти соли 2022 якчанд маҳдудият, аз ҷумла ҳатман пӯшидани ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуд. Дар ҳамин ҳол, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “корҳоро оид ба чораҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемиявӣ идома диҳанд”. Зеро пандемияи коронавирус ҳанӯз хотима наёфтааст ва риояи қоидаҳои санитарӣ идома хоҳад ёфт.

Дар мавриди ниқобҳо бояд гуфт, ки қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ба   бекор кардани “пӯшиши ҳатмии ниқоб” ишора мекунад. Албатта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» аз бархе гурӯҳҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ном бурд, ки бо вуҷуди бекор кардани ин талабот бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқобро идома диҳанд. Ба инҳо шахсони дорои масунияти паст, нишонаҳои пинҳонии коронавирус, беморони гирифтори бемориҳои вазнин, музмин ва эмнашуда шомил мешаванд.

Сатторов зикр намуд, ки ба ин гурӯҳи шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҷойҳои серодам, бахусус дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд. Ба гуфтаи иммунолог, ниқобҳо метавонанд аз хуруҷи эҳтимолии бемориҳои сироятии дигар, бахусус, вируси зуком муҳофизат кунанд.

Вирусшинос ба ин бовар аст, ки ба далели зиёд будани фоизи аҳолии ваксинашуда дар Тоҷикистон (беш аз 90 дарсад вояи аввали ваксина ва ҳудуди 80 дарсади сокинони кишвар вояи дуввумро гирифтаанд), бекор кардани низоми ҳатмии пӯшидани ниқоб сабаби афзоиши гирифторӣ ба COVID-19 нахоҳад шуд.

Ниқобҳо бори аввал дар Шарқ пайдо шудаанд

Ба гуфтаи олимон, ниқобҳои гигиенӣ дар Шарқ пайдо шуда, баъдан дар Ғарб паҳн шудаанд. Дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Ҷопон ва Чин пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҳаёти ҳаррӯза хеле пеш аз пандемияи COVID-19 маъмул буд.

Анъанаи пӯшидани ниқоб дар Ҷопон дар ибтидои асри 20 пайдо шудааст, вақте эпидемияи зукоми испанӣ соли 1918 дар саросари ҷаҳон аз 20 то 40 миллион нафарро ба ҳалокат расонд, ки ин нисбат ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бештар аст. Ин беморӣ ба кишварҳои осиёӣ, бахусус Ҳинд низ таъсир расонда, дар он ҷо 5 фоизи аҳолӣ аз зукоми испанӣ фавтид. Мардум рӯйи худро бо рӯймолҳо ва ниқобҳо мепӯшиданд, гарчанде ки ин воситаи чандон муассири муҳофизат аз беморӣ набуд.

Пас аз чор соли зукоми испанӣ, соли 1923, дар Ҷопон заминларзаи бузурги Канто рух дод. Он боиси оташсӯзӣ гардида, дар қисмати сераҳолии кишвар тақрибан 600 000 хонаро хароб кард. Абрҳои хокистар ва дуд пас аз офати табиӣ чанд ҳафта пароканда нашуданд. Дар Токио ва Йокогама ниқобҳо ба лавозимоти маъмулӣ барои муҳофизат аз моддаҳои хокистардор табдил ёфтанд. Эпидемияи дуввуми ҷаҳонии зуком соли 1934 таваҷҷуҳи Ҷопонро ба ниқобҳо бештар намуд. Дар зимистон онҳоро ҳамеша мепӯшиданд, асосан  аз сабаби хушмуомилагии анъанавии ҷопонӣ: онҳое, ки аз зукому шамолхӯрдагӣ азоб мекашиданд, ниқоб мепӯшиданд, то шахсони солимро сироят накунанд.

Баъдан, дар солҳои 50-ум бо сабаби бо суръати тез тараққӣ кардани саноат дар Японияи баъдиҷангӣ ифлосшавии ҳаво cap шуд. Миқдори зиёди гази карбон дар ҳаво боиси шукуфтани ҷалғӯзаи сибирӣ-як дарахти ҳамешасабзи дорои гардолудшавии фаровон шуд, ки ин боиси табларза гардид. Пӯшидани ниқоб аз чораи эҳтиётии мавсимӣ ба одати тамоми сол гузашт. То соли 2014 ҷопониҳо барои ниқобҳои ҷарроҳӣ ҳар сол 230 миллион доллар сарф мекарданд. Кишварҳои ҳамсоя, ки аз мушкилоти экологӣ азият мекашанд, бахусус Чину Корея ин таҷрибаро қабул намуданд. 

Бори аввал дар асри 11 ниқобҳои тиббии хос барои он замонро Абӯалӣ ибни Сино (Авитсенна) — донишманд, табиб ва файласуф, табиатшинос ва математик, шоир ва адабиётшинос, муаллифи асари машҳури ҷаҳонии «Қонуни илми тиб» офаридааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ходими калони илмии Маркази тадқиқоти «Ибни Сино»-и Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Мамадҷонова иттилоъ дод.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 16, 2022 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд