ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар доираи иқдоми тозагии маҳал ва ниҳолшинонӣ, ки дар шаҳри Истаравшан гузаронида шуд, 250 бех ниҳоли санавбар шинонида, пояи 200 бех дарахт сафед ва бехашон нарм карда шуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ин иқдом бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани табиат бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан гузаронида шуда, дар он беш аз 400 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, инчунин соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Ҳамзамон ҷӯйбори обгузари ду канори хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 12 км, инчунин атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза гардид.
Сокинони аксар ҷамоати шаҳраку деҳоти Истаравшан амалӣ гардидани чунин чорабиниро дастгирӣ намуда, мавзеъҳои шафати роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанокро аз партовҳою алафҳои бегонаи хушк ва 5 км масоҳати Каттасойро аз партовҳо тоза намуданд.
Дар маҷмӯъ дар доираи ташаббуси мазкур 18 тонна партов ба партовгоҳи асосии шаҳр бароварда шуд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






