ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 март, панҷшанбе, 76-умин рӯзи соли 2022 аст

Март 17, 2022 08:00

17 марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии об ба шаҳри Киотои Япония сафар карданд.

***

7 сол пеш, 17 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Абу-Дабӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

17 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тайланд- Рӯзи бокси миллии Муай Тай.

 РӮЙДОДҲО:

17 марти соли 2009 Сарвари давлат дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

17 марти соли  2011 Вазири вақти мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд.

***

8 сол пеш, 17 марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Вена Тоҷикистон шарҳи ҳолатҳои мухаддиротии мамлакатро муаррифӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расид.

***

93 сол муқаддам, 17 марти соли 1929 баъди эътирозҳои донишҷӯён Ҳукумати Испания Донишгоҳи Мадридро баст.

***

17 марти соли 1941 дар ИМА 100 ҳазор нафар зан ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд.

***

17 марти соли 1992 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Африқои Ҷанубӣ ба ҷонибдории Конститутсияи нав овоз доданд, ки он ба шаҳрвандони сиёҳ ва сафед ҳуқуқи баробар медод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1950 дар бораи кашфи аломати 98-уми ҷадвали химиявии Менделеев- калифорний хабар дода шуд.

Март 17, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, душанбе, 260-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, якшанбе, 259-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст