ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 март, ҷумъа, 77-умин рӯзи соли 2022 аст

Март 18, 2022 08:00

18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба имзо расид.

***

7 сол пеш, 18 марти соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Душанбе масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод,  обу энергетика ва фарҳангу гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

 18 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Русия – Рӯзи полиси андоз.

***

Дар Аруба — Рӯзи парчам ва суруди миллӣ.

***

Дар Беларус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ.

 РӮЙДОДҲО:

18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷамъбастии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид.

***

18  марти соли 2010  Созмони  Милали  Муттаҳид ва  Созмони  Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ   декларатсияи муштарак ба   имзо расониданд.

***

11 сол пеш, 18 марти соли 2011 дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ: «20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо» баргузор гардид.

***

18 марти соли 1813 дар ИМА дастгоҳи истеҳсолкунии гази  ангишт ихтироъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1947 Комиссияи иқтисодии СММ барои давлатҳои Осиё ва Шарқи дур таъсис дода шуд.

***

31 сол пеш аз ин, 18 марти соли 1991 дар Русия қонун «Дар бораи милитсия» қабул карда шуд.

***

18 марти соли 1997 хурдтарин клавиатураи компютер сохта шуд, ки 7,62 х 3,048 см ҳаҷм дошт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1900 клуби футболи «Аякс»-и Голландия  таъсис дода шуд.

***

Соли 1965  кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов аввалин маротиба дар таърих ба фазои боз баромад.

Март 18, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст