Замира Маҳкамова: Фаъолият дар мақомоти қудратӣ далериву ҷасурӣ ва сабр тақозо мекунад

Март 7, 2022 08:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо талошу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо қабули  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ мақому  мартабаи занону бонувон дар ҷомеа  баланд бардошта шуд. Ин аст, ки имрӯз занони тоҷик дар радифи мардон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла дар мақомоти қудратӣ фаъолияти назаррас доранд. Дар арафаи Рӯзи Модар, ки 8 март таҷлил мегардад, хабарнигори АМИТ «Ховар»  Марзия САИДЗОДА бо сардори шуъбаи назорати барасмиятдарории неруи барқ ва гази табиии Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники Хадамоти гумрук Замира МАҲКАМОВА, ки қариб 30 сол мешавад дар мақомоти мазкур фаъолият дорад, суҳбат орост.   

АМИТ «Ховар»: — Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми занону бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа  баланд гардидаастСаҳми занону бонувони кишварро дар рушди соҳаи гумрук чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

З. Маҳкамова: — Дар  ҳақиқат  сиёсати собитқадамонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар мамлакат бонувон мақому мартабаи хосса дошта, озоду комилҳуқуқ, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ менамоянд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани мақому мартаба ва мавқеи иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъол мояи  сарфарозист. «Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба  вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем». Ин нуктаро Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мамлакатест, ки  бештар аз ҳама ба мақоми зан аҳамият дода, Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият менамоянд. Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд. Дар тӯли таърих занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва боистеъдоду худафрӯз бо ҳидояту пайкори хеш тавонистанд зиндагии худ ва атрофиёнро мунаввар созанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиставу солим ба сар дошта бошад, он кишвар дар рушд  аст. Воқеан, занону модарон  оинаи оила ва миллат буда, қалби пурэҳсоси онҳо саршори меҳру сафост. Набзи имрӯзи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гиру мони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созанда гузоранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар на танҳо баробарҳуқуқии занро кафолат медиҳанд, балки барои бонувон, вобаста ба масъалаи таҳсил, меҳнат, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ имтиёзҳо низ муқаррар намудаанд.


Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» имконият дод, то зани тоҷик, ки пас аз ҳаводиси солҳои 90-уми асри ХХ азияткашидаву дилшикаста гардида буд, дубора ба маснади баланд нишинад. Ин эҳтирому икром нисбат ба бонувон аз ташаббусҳо ва адолатгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Асос барои ин фармон камбуди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон буд. Ин ҳам аз таъсири нигоҳи ифротӣ, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нисбат ба занон пайдо гардид. Қолабҳои шахшудае дар ҷомеа роиҷ буданд, ки гӯё зан набояд кор кунад. Бархе ба муваффақияти бонувон дар сиёсат ё соҳаи хизмати давлативу роҳбарӣ шубҳа дошт. Ин ақидаҳои ғалат воқеан боиси он гаштанд, ки теъдоди занон дар тамоми соҳаҳо коҳиш ёфт. Агар ин раванд чунин идома мекард, шумори таҳсилдидагон ва мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби бонувон коҳиш меёфт. Маҳз аз ин хотир фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» содир шуд, ки санади саривақтиву дастгирии беназир буд.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар радифи мардон дар сохторҳои қудратӣ бо иродаи қавӣ ва сарбаландона фаъолият дошта, дар таъмини суботу амнияти мамлакат, ободии сарзамини аҷдодиамон хизмати арзанда менамоянд.

Дар мақомоти гумрук низ имрӯзҳо занону бонувони ҷасуру қавиирода ифои вазифа менамоянд, ки софдилона хизмат намуда, дар таъмини амнияти иқтисодии давлат саҳми назаррас мегузоранд. Роҳбарияти мақомот пайваста бонувонро дар ҳама зинаҳо дастгирӣ намуда, мақому манзалати онҳоро баланд мебардорад. Сол то сол теъдоди афсарбонувон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, алҳол, 130 нафари кормандонро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 12 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд.

АМИТ «Ховар»: — Фаъолият дар низоми гумрук  аз зан-модар кадом  хислату  фазилатро тақозо менамояд ва барои Шумо  фаъолият дар ин мақомот мушкил нест?  

З. Маҳкамова: Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши занон хеле зиёд аст. Дар рушди мақомоти гумрук, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа ва ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии мамлакат бонувон нақши муҳим доранд. Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти қудратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 апрели соли 2017  Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 қабул шудааст, ки ин барнома дар амал татбиқ мегардад.


Воқеан, ҳеҷ кори дунё бе мушкилӣ нест. Алалхусус, фаъолият дар мақомоти қудратӣ осон набуда, на ҳар нафар метавонад аз уҳдаи он барояд. Фаъолият дар сохтори қудратӣ аз зан масъулият, таҳаммул, иродаи қавӣ, ҷасурию матонат ва донишу таҷриба талаб менамояд. Аз он шукргузорам, ки ба ҳайси афсар дар мақомоти гумрук фаъолият дорам ва дар таъмини амнияти иқтисодии давлатамон чун дигар ҳамкасбон саҳм мегузорам.

Бешубҳа, хизмат дар мақомоти қудратӣ, аз ҷумла гумрук, ки дар таъмини амнияти иқтисодӣ саҳми калидӣ дорад, мактаби олии ҳаёт аст. Зеро кор дар ин ҷо назар ба сохторҳои шаҳрвандӣ бамаротиб душвортар аст. Дар мақомоти қудратӣ ба соатҳои кории номунтазам бояд одат кард. Ҳама корро зуд, дар муддати кӯтоҳ ва фаврӣ мебояд анҷом дод. Дар ин самт далериву ҷасурӣ, пуртоқатӣ ва сабру таҳаммул мебояд 

АМИТ «Ховар»: — Занону бонувонро дар зиндагӣ на танҳо олиҳаи ҳусну зебоӣ, балки ба ҳайси шахси дар рӯзгор оқилу чашмикордон ва сарфаю сариштакор эътироф намудаанд. Саҳми бонувони тоҷикро дар риояи яке аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» чӣ гуна маънидод менамоед? 

З. Маҳкамова: Дар урфият мегӯянд, ки дар хонадоне, ки сарфакорӣ нест, хайру барака низ аз он хонадон меравад. Дар ҳақиқат дар он оилаҳое, ки сарфакориро пеша намекунанд, захираҳо дар он ҷо дер намепоянд. Ва баръакс, офтоби бахт ба рӯйи он оилаҳое, ки ҳар  ашёву асбоби рӯзгорро эҳтиёткорона истифода мебаранд, механдад. Чунин оилаҳо ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ҳамеша таъмин мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Сарфаи сари оташдон, беҳ аз савдогари Ҳиндустон». Сарфаю сариштакорӣ дар адабиёти классикӣ низ зикр ёфтаанд. Фирдавсии бузург дар шоҳасари безаволаш «Шоҳнома» фармудаанд:

«Туро дахлу харҷат баробар будӣ,
Замона туро чун бародар будӣ».

Номвар шудани сарвари хонадон ба истилоҳи «марди дастархондор» ба он маънӣ тавъам аст, ки бонуи хонадон дар дастархонороӣ ва соҳибҳунариву кадбонуӣ чирадаст бошад. Сабабгори коста гаштани вазъи иқтисодии хонаводаҳо аслан исрофкориҳои беандоза ва берабти бонувон аст. Дар аксар мавридҳо зиёдаравии занон дар ҷашну маросим ва иду тантанаҳо мушоҳида мешавад, ки гузарондани бештари онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мамнӯъ дониста, бархеро дар доираи оила муайян кардааст.

Дастархони меҳмон ва аҳли хонадони маро асосан хӯришҳо оро медиҳанд. Вобаста ба ҳар мавсим, бо арзон шудани анвои меваю сабзавот хӯриш омода мекунам. Хон аз чизе ороста шавад, ки онро хӯрда шавад. Магар қанду қандалот ва шириниҳои гуногун ё меваҳои аз хориҷ воридшаванда мувофиқи табъи ҳар меҳмон буда метавонанд? Ин ҳама худнамоист. Лаззати хӯрданиҳои ватаниро маҳсулоти беруна иваз карда наметавонад. Чаро ки маҳсулоти хориҷӣ аз нигоҳи экологӣ тоза нестанд ва то ворид шудан ба дигар кишварҳо барои вайрон нашудани сифати маҳсулот чанд намуд моддаҳои кимиёиро ба онҳо ҳамроҳ мекунанд.


Дар оилаҳои тоҷик кори хонаву рӯзгор асосан ба зиммаи занҳо вогузор аст. Аз ин рӯ, сарфаи маводи рӯзгор ба мо-занҳо бештар вобаста мебошад. Бинобар ин, занону духтарони хонадонро мебояд пеш аз ҳама бомаърифат, соҳиби ақлу заковат ва идроки баланду аз ҳама кору бори оиладорӣ огоҳии комил дошта бошанд. Муҳимтар аз ҳама, соҳибхоназан ва ҷавондухтарон бояд соҳиби маҳорати сарфакорӣ бошанд. Барои сарфакорӣ ҳам маҳорат доштан зарур меояд, зеро сарфаи вақт, маводи озуқа, асбоби рӯзгор, неруи барқ, газ, об ва монанди инҳо кори саҳлу осон нест. Танҳо соҳибхоназани бофаросат аз уҳдаи он баромада метавонад. Маводе, ки сарвари оила харидорӣ карда, бо заҳмат ба хона меорад, агар эҳтиёткорона, бомақсад ва сарфакорона истифода нашавад, аз хонадон файзу баракат ва осудагию оромӣ дур мегардад. Тавре Абуалӣ Ибни Сино мефармояд, «беҳтарини занҳо ҳамон аст, ки андаки шавҳарашро ба сарфаҷӯӣ зиёд мекунад».

АМИТ «Ховар»: — Ба дунё овардан,  тарбия ва ба камол расонидани фарзандон рисолати азалии занон аст. Қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти волидайн, аз ҷумла модаронро дар самти ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани фарзандон, хусусан таълиму тарбияи онҳо баланд намуд. Нигоҳи Шумо ба ин масъала?

З. Маҳкамова: Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон мебошанд.

Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардиданд ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид. Барои аз байн бурдани ин мушкилот ва пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон аз сӯи Парлумон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ин қонун барои беҳдошти ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Донишмандон бар он назаранд, ки бояд волидону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама, ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд. Волидайн вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрис фароҳам оваранд. Ҳар падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва аз худнамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят кунанд ва дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.         

АМИТ «Ховар»: — Таманнои Шумо ба модарони тоҷик? 

З. Маҳкамова: Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс буда,  бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар  инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки модар дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Таманно мекунам, ки ҳаргиз дили модарони бузургвор ғам, чашмонашон нам, дастонашон кам ва қоматашон хамро набинад ва зери осмони софу нилгун зиндагии ширину гуворо гуворо дошта бошанд.

 

Мусоҳиб
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Март 7, 2022 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»