Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Tourism Expo Japan» муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism Expo Japan», ки моҳи сентябри имсол доир мегардад, иштирок намуда, имконияту зарфияти соҳаи сайёҳии кишварамонро дар Ҷопон муаррифӣ намоянд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ ва доир ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи мазкур табодули назар намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, зикр намуд, ки сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳумчунин дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок муҳокима гардиданд.
Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ҳавасмандии кишварашро ба тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






