35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом бунёди 40 адад иншооти соҳаи маориф дар назар аст

Апрель 30, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 30.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бунёди 40 адад иншооти соҳаи маориф дар назар дошта шудааст, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст барои хонандагон ва хурдсолон  фароҳам мегарданд. Айни замон  корҳои сохтмонии мактабу кӯдакистонҳо дар шаҳр бомаром идома доранд, хабар доданд  ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 28 апрел  ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф шинос гардид.

Раиси вилоят  бо ҷараёни корҳои сохтмони кӯдакистони нав дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳр, ки барои 120 нафар хурдсол  пешбинӣ шудааст, дидан намуд.

Тибқи иттилои масъулин, кӯдакистони мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми аҳолӣ сохта шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонии он  дар маҷмӯъ беш аз 3 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Дар айни замон дар шаҳр 22 кӯдакистон фаъолият дошта, 4400 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 бинои нави таълимӣ сохта шуда, иншоот бо лавозимоти зарурии дарсӣ таъмин хоҳад шуд. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар  он дар як баст 320 нафар таҳсил мекунанд. Дар бунёди мактаби нав мақомоти давлатӣ ва соҳибкори инфиродӣ Анвар Иброҳимов саҳм гузошта, маблағи лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои кӯҳнаи мактаби мазкур соли 1968 сохта шуда, айни замон 374 хонанда дар он таҳсили худро давом дода истодаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2-и  шаҳр низ корҳои сохтмонии бинои нав шурӯъ гардида, он бо саҳми соҳибкорону саховатмандон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба итмом расонида мешавад. Кӯдакистони нав барои 120 нафар пешбинӣ гардида, баҳри таълиму тарбияи хурдсолон  дар  он шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо  ҷараёни  корҳои  сохтмонии  иншооти мазкур таъкид кард, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола барои рушди соҳа маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. Ба соҳаи маорифи вилоят дар семоҳаи якуми соли равон аз ҳисоби буҷети вилоят 270,2 млн сомонӣ равона гардида, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол  меафзояд.

Раиси вилоят ҳамзамон барои бо сифати баланд бунёд намудани муассисаҳои соҳаи маориф ба роҳбарияти шаҳр супориш дода, иброз дошт, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус дар  рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расидани  онҳо бояд диққати махсус зоҳир карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 30, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад