Ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббусҳои «Тозагии соҳил» шаҳри Хуҷандро боз ҳам муаттар менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани муҳити атроф ҳар ҳафта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои тарғиботиву амалисозӣ, ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббусҳои гуногуни «Тозагии соҳил» баргузор гардида, ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамоянд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ташаббуси «Тозагии соҳил» амалӣ карда шуда, қамишзори дохили дарё ва канори он, алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ пурра тоза карда шуданд.
Дар шароите, ки ҷаҳонро пандемияи бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст, чунин иқдом боиси пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мегардад.


Бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.
Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёр яке аз анъанаҳои қадимии аҷдодони шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, он бояд дар оянда низ идома ёбад. Зеро маъруфияти «Тирози ҷаҳон» аз зебоӣ, пуртароват ва мунавар будани ин шаҳри бостонӣ аз қадимулайём сарчашма гирифта, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини он аст.
Дар робита ба чунин ташаббусҳо дар дигар минтақаҳои шаҳр низ корҳои сабзкорӣ ҷараён мегиранд.
АКСҲО: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






