БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ПОЙТАХТ. Атрофи КВД «Маркази миллии ташхису табобат»-ро ободу хуррам намуданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сарсабзу хуррамгардонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар атрофи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат» корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ гузаронида шуданд.
Тавре дар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандони пойтахтро ба зебоипарастиву озодагӣ талқин менамоянд. Зеро тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф асоси пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо мебошад.


Ободкорӣ аз қадим барои мардуми тоҷик рамзи зиндагии шоиста маҳсуб шуда, ба ин васила имрӯз пойтахти Тоҷикистон-шаҳри гулбаоғӯши Душанбе бо зебоӣ ва гулҳои рагорангаш диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 инҷониб ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






