Бахшида ба Солҳои рушди саноат «Амонатбонк» ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуд
ТУРСУНЗОДА, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамкории дуруст ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ то 25 апрел ба 210 нафар соҳибкорону хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 8 миллиону 10 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Дар ин бора мудири филиали №15 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Ғафурҷон Собирзода дар мавзӯи «Маҳсулоти хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» машварат доир гардид. Дар ҷараёни машварат соҳибкорону хоҷагидорон ва дигар намояндагони бахши хусусӣ, инчунин масъулини филиали №15 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.
Аз ҷониби масъулини «Амонатбонк» ба мизоҷон қарзҳо дар самти рушди кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди саноат ва сохтмон, соҳаи тиҷорат ва дигар соҳаҳои фаъолият, харидории хонаи истиқоматӣ, сохтмон, васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ ва ба соҳибкорону сокинони шаҳр дигар намуди қарзҳои имтиёзнок пешниҳод гардиданд.
Зимни машварат зикр шуд, ки дар маҷмӯъ, ба сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 миллиону 761 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва 6 миллиону 249 ҳазору 800 сомонӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






