Даҳ нафар донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи Чин таҳсил менамоянд

Апрель 23, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар Маркази Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими баимзорасонии Созишномаи муштараки таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон ва ифтитоҳи курси омодагии забони чинӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Зимни маросими баимзорасонии созишномаҳо бо 10 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин қарордодҳо баста шуданд.

Дар маросими мазкур намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол, ректори Донишгоҳи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» иштирок намуданд.


Зикр шуд, ки бо ғамхорӣ ва пуштибонии Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Чин табодули иқтисодӣ ва фарҳангии ду давлат барқарор карда шуда, тарзҳои нави ҳамкории тарафайн амалӣ шуда, робитаҳо мустаҳкам ва ногусастанӣ мешаванд.

Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар ин самт ҳамкории худро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, мубодила ва ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монад. Донишгоҳи мазкур аз ҷумлаи мактаби касбии сатҳи баланд ба шумор рафта, мавқеи яке аз ду донишгоҳи давлатии сатҳи бакалаврӣ ва касбиро дар вилояти Гансу ишғол менамояд. Алҳол дар вилояти Гансу 28 техникуми олии техникии касбӣ ва 184 мактаби миёнаи касбии техникӣ мавҷуданд, ки фарогири 500 ҳазор донишҷӯён мебошанд.

АКС: Маркази Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Апрель 23, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд