Дар Москва намоиши аксҳо бахшида ба 30-солагии барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Русия ва дигар давлатҳои ИДМ ифтитоҳ ёфт

Апрель 21, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар қасри калони  Вазорати корҳои хориҷии Русия Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ намоишгоҳи аксҳои ҳуҷҷатиро ифтитоҳ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Дар маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Москва аккредитатсия шудаанд, инчунин роҳбарони сохторҳои иҷроияи ИДМ, СААД, САҲА ва давлатҳои иттифоқии Русия ва Беларус ширкат варзиданд.

Зимни наҳории корӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар сиғаҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ табодули афкор сурат гирифт.

 АКС: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Апрель 21, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд