ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мурғоб 4 ҳазор қаламча ва ниҳоли дарахтони бед, ки ба иқлими баландкӯҳи ноҳия мутобиқанд, шинонда шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мурғоб маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки зимни он 4 ҳазор қаламча ва ниҳоли дарахтони бед, ки ба иқлими баландкӯҳи ноҳия мутобиқанд, бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар назди идораву муассисаҳо ва қад-қади роҳҳо шинонда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда, дар амалӣ намудани он идораю муассисаҳои вилоятию ноҳиявӣ саҳм гузоштанд.
Барои нашъунамои хуби ниҳолҳо миқдори зарурии хоки ҳосилхез ва пору ба ноҳия дастрас карда шуд. Тавре масъулини соҳа мегӯянд, чунин ташаббуси созанда дар шароити ноҳияи Мурғоб саривақтӣ буда, барои бой гардондани ҳаво аз оксиген мусоидат менамояд.
Аз ҷониби дигар, солҳои охир растании терескен, ки хӯроки асосии қутос ба ҳисоб меравад, ба ҷои ҳезум истифода шуда, рӯ ба нестӣ ниҳодааст. Аз ин рӯ, нашъунамои хуби дарахтон дар ин минтақа метавонад ба истифодаи терескен ҳамчун манбаи ҳезум хотима гузошта, бехатарии экологиро таъмин ва симои ноҳияро сарсабзу хуррам гардонад.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, аз вусъати рӯзафзуни корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ ва беҳбуд ёфтани шароити рӯзгори сокинони ноҳия изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки «мо бояд баҳри дар амал иҷро кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида, бештар талош намоем. Гулзору сабзазоркунӣ дар ноҳия ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил карда мешаванд, зеро ободу хуррамгардонии муҳити зист расми хуби аҷдодони мо мебошад».
Ба идораву муассисаҳои ноҳиявӣ ва масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки нибат ба нигоҳубин ва парвариши дарахтон муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад






