ХАЙРУ ЭҲСОН БАР ЯТИМОН ПЕШАИ МАРДОН БУВАД. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 7,5 ҳазор ниёзмандон кумак расонданд

Апрель 30, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди фитр ба зиёда аз 7 ҳазору 500, аз ҷумла 1 ҳазору 251 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати бошандагону таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори»-и шаҳри Душанбе, Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати ёрирасони №3»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии тањсилоти ибтидоии Мактаб-интернати №4 барои кўдакони имконияташон маҳдуди»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзи махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, кормандони муассисаҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, маъюбон ва дигар табақаи эҳтиёҷманд баҳраманд гардиданд.

Кумакҳоро, ки иборат аз маводи озӯқа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрас намуданд.

Дар арафаи Иди саиди фитр ҳамзамон оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бархӯрдор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

АКС: МИҲД-и шаҳри Душанбе

Апрель 30, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад