ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» натавонист дар ин бозии муҳим бар дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ғолиб ояд

Апрель 20, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ,   рақобат карда, бо ҳисоби 0:3  мағлуб гардид ва имконияти  аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Аз ин пеш  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми  гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  аз дастаи   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  бо ҳисоби 1:0  мағлуб гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар  бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз  дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  ҳисоби 2:1 мағлуб гардид  ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ  ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес  дар дақиқаи  54 ва   Бернард Анисио  дар дақиқаи  57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.

Пас аз чор бозии пайи ҳам дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи  охири ҷадвал қарор  гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё   23  апрел бо  дастаи  «Ал-Райян»-и  Қатар  баргузор мекунад.

                                                                                                                                  АКС: ФФТ

Апрель 20, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ