Лоиҳаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 21.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи маориф лоиҳаи панҷсолаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна»(STEM) барои солҳои 2023-2028 амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба истифодаи васеътари усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, аз ҷумла равиши илмӣ-технологӣ, муҳандисию риёзӣ ва беҳтар намудани сифати инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар системаи маориф ва илм мусоидат мекунад.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур зимни вохӯрии онлайнӣ миёни намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки Осиёи Рушд муаррифӣ гардид.
Дар вохӯрии онлайнӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсатҳои иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва муносибатҳои байналмилалии вазорат, директори бахши иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Риё Хираока, намояндаи БОР ва роҳбари лоиҳаи татбиқшаванда (STEM) Шин Лонг, намояндагони доимии БОР дар Тоҷикистон ва кормандони лоиҳаи татбиқшаванда Ганҷина Фозилова ва Фирӯза Додомирзоева иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2020 барои тамоми ҷаҳон соли санҷишҳо гардид ва бемории COVID-19 ба мо бори дигар сабақ омӯхт, то барои аз худ намудани иқтисодиёти рақамӣ, гузаронидани дарсҳои фосилавӣ, истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ фаъол бошем. Ин ҳадафҳо бе дастгирии молиявии шарикони рушд хеле душвор аст. Зеро ҳар сол дар Тоҷикистон афзоиши аҳолӣ зиёда аз 2 %-ро ташкил намуда, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 2 195 619 нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 82 адад ва шумораи донишҷӯён ба 93 270 нафар, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 43 адад ва шумораи донишҷӯён ба 234 524 нафар ва шумораи омўзгорон дар се зинаи таҳсилот зиёда аз 150 ҳазор нафар расидааст. Дар ин раванд дастрасии ҳар хонанда ба мактаби муҷаҳҳаз бо кабинетҳои фаннӣ, компютер ва интернет бениҳоят муҳим мебошад. Хуб мешуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳа масъалаҳои болозикр ба роҳ монда шаванд, чунки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бештар мебошад.
Дар самти Стратегияи ҳамкории Бонки Осиёи Рушд бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 яке аз афзалияти Ҳукумати ҷумҳурӣ- ин эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мебошад, ки он мавриди корбарӣ қарор дорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






