Маркази миллии тестӣ: Давраи бақайдгирии ИМД-2022 то 30 апрел тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2022 то 30 апрел тамдид карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.
Ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои мехостаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки бо мақсади сарфаи вақти худу кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз хизматрасонии «Пешномнависӣ», ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд.
Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалини худро дар давраи бақайдгирӣ, ки тамдид гардидааст, иваз намоянд.
Акс аз бойгонӣ








Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






