Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух

Апрель 24, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро ба Шумо самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тули се даҳаи сипаришуда кишварҳои мо бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, имрӯзҳо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии созанда бо Муғулистон дар заминаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Бовар дорем, ки бо азму талошҳои муштарак муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар оянда низ рушд карда, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон сатҳ ва муҳтавои сифатан нав касб хоҳанд кард.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Муғулистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми муғул ва шахсан аз номи худам самимона табрику таҳният мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тули 30 соли гузашта муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Муғулистон ва Тоҷикистон ба туфайли талошҳои муштарак муваффақона рушд меёбанд.

Аз ҳамкориҳо бо Шумо ҷиҳати минбаъд ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои миёни ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи воқеӣ шод хоҳам буд.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти кориатон комёбиҳои азим, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

Апрель 24, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд