Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Иҷлосияи 28-уми Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург ба таври маҷозӣ иштирок кард

Апрель 19, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 19.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Маркази идоракунии шаҳрдорӣ: қарорҳо, таҷриба ва дурнамо» таҳти чунин унвон 19 апрел Иҷлосияи 28-уми Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург (МАГ) баргузор гардид. Чорабинӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуда, дар кори он роҳбарон ва ҳайатҳои расмии шаҳрҳои аъзои Ассамблея ва кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони дахлдори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ ва Думаи давлатии Федератсияи Русия ва созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар иҷлосияи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба таври маҷозӣ иштирок намуда, оид ба масоили тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург изҳори назар карданд.

Зимни иҷлосия иштирокчиён доир ба шакл ва роҳҳои нави идораи шаҳрдорӣ, қабули қарорҳо, ҷорӣ намудани усулҳои нави корбарӣ, хизматрасониҳо ва таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчўби ташкилот мубодилаи афкор намуданд.


Дар рафти чорабинӣ оид ба фаъолияти ташкилот барои солҳои 2020-2021 гузориш ироа шуда, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуда, Нақшаи чорабиниҳоро барои соли 2022 тасдиқ ва ҳайати нави мақомоти роҳбарикунандаи Ассамблея интихоб гардид.

Раиси шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия Кравчук Сергей Анатолевич ба ҳайси Раиси Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург интихоб гардида, қарор дода шуд, ки Форуми навбатии ташкилот моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Хабаровск таҳти унвони «Мегаполис асри ХХI» бахшида ба масъалаҳои рақамикунонии идораи шаҳрдорӣ гузаронида шавад.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 19, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид