ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
АКС: Дидор Саъдуллоев








Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






