Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бипазиред.
Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.
Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Покистон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоӣ орзумандам».








Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд






