«РОҲ БА СӮИ МАОРИФ». Ташаббуси нави ҲХДТ ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар мактабҳо равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳ ба сӯи маориф» — таҳти чунин унвон 20 апрел миёни масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва маориф дар шаҳри Бохтар нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Мақсади амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, ҳамчунин ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи меъёрҳои муосири таҳсилот мебошад.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён рӯнамоии амалиёт ва нақша-тақвими чорабиниҳоро пешкаши иштирокдорон гардонид. Дар ташаббуси аввал баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар аст.


Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки ташкили вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва ба ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ташаббуси дуюм маҳсуб мешавад ва ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба дастандаркорони ташаббуси «Мактаби ман» изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки пешрафти ҷомеаи муосир ба хизмати омӯзгор вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар амалишавии ин ташаббус сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд фаъол бошанд.
АКСҲО аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






