ШАҲРИ ЗЕБОИ МАН. Милитсияи Хатлон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёдкорӣ иқдом гирифт

Апрель 25, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он, инчунин кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонони фаъол ва сокинони шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар маъракаи «Шаҳри зебои ман»  баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати мазкур.

Ташаббуси мазкур дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандаву бунёдкорона доир гардид.

Дар маъракаи ободкорӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Файзулло Нозимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷовуддин Саломзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар ширкат доштанд.
Сардори Раёсати мазкур зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани ин иқдом- баланд бардоштани маърифати санитарию гигиенӣ ва экологии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки омили асосияшон мавҷуд будани партовҳо дар муҳити атроф аст, инчунин татбиқи раванди ободониву созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити зист мебошад.

Дар маърака гӯшаву канори шаҳр, хусусан боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, маҳаллаҳо ва роҳравҳо аз ҳама гуна партовҳо тоза карда шуда, гулҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф ҳусни тоза зам намуданд.

АКС: ВКД ҶТ

 

Апрель 25, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд