ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, душанбе, 108-умин рӯзи соли 2022 аст
18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
***
9 сол пеш, 18 апрели соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир шуд.
18 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.
РӮЙДОДҲО:
18 апрели соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 апрели соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин Созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфтанд.
***
8 сол пеш, 18 апрели соли 2014 дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Япония муҳокима гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши донишгоҳҳои Қазоқистон доир гардид.
***
18 апрели соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
***
11 сол қабл, 18 апрели соли 2010 ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо дучархаҳои худ ба сайри ҷаҳон баромаданд.
***
18 апрели соли 1925 Шӯрои байналмилалии радиодӯстдорон таъсис ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 олими шинохтаи тоҷик — академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Далер Почоҷонов барандаи ҷоизаи гуманитарии ИДМ «Ҷоизаи Иттиҳод» дар соҳаи илм ва маориф гардид.
***
Соли 1922 дар шаҳри Москва дастаи футболи МКС (ҳоло «Спартак»-и Москва) таъсис ёфт.