ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, ҷумъа, 119- умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 29, 2022 08:00

29 апрели соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвазири вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ-гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон  дар  Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ  солҳои 1941 -1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБҶ, воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва  ифтитоҳ гардид, дидан  намуд.

29 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.

***

Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 апрели соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.

***

8 сол пеш, 29 апрели соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

***

29 апрели соли 2014  дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

***

29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

***

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ  намоиш дода шуд.

Апрель 29, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, ҷумъа, 304-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, панҷшанбе, 303-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, чоршанбе, 302-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, сешанбе, 301-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, душанбе, 300-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст