Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо USAID лоиҳаи «Ҳамроҳ биомӯзем»-ро ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) Питер Райли вохӯрӣ намуд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур шиносоӣ, баррасии ҳамкорӣ ва музокирот дар бобати баррасии лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илм ва USAID оид ба барномаи «Ҳамроҳ биомӯзем» мебошад, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст.
Айни замон ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент фаъолият мекунанд. Марказҳои мазкур барои хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодаи технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодаи интернети баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайраро ба таври ройгон пешкаш менамоянд.
Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) ва Ташкилоти шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ (ACTR/ACCELS) созмонҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият доранд. Дар самти ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шурӯъ аз соли 2007 то ба имрӯз факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Сафорати ИМА ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ ҳамасола ба донишгоҳ як нафар омӯзгори соҳибзабон барои дарс гуфтан меояд. Самараи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки дар соли хониши 2020-2021 бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар заминаи факултети забони англисӣ «Маркази захиравӣ» ташкил карда шуд.
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм зикр кард, ки USAID, ки узви Шӯрои ҳамоҳангии шарикон мебошад, дар қатори Сафорати Амрико бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон USAID дар самти ислоҳоти соҳаи маориф дар таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба рушди маориф (2021-2030) иштирок намудааст.
Барномаи «Ҳамроҳ бихонем»-и USAID ба итмом расид ва мехоҳем ба барномаи дигар, ки «Ҳамроҳ биомӯзем» ном дорад, гузарем ва ҳадаф аз омадани мо- ин вусъат бахшидан ба ин барнома аст. Ба ғайр аз USAID дар соҳаи маориф бахши равобит бо ҷомеаи сафорат кор мекунад ва онҳо дар ҳоли таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони муосири англисӣ барои синфҳои 1-11 қарор доранд.
«USAID агентии рушд мебошад, ки намояндагиаш дар саросари ҷаҳон амал мекунад. Маориф ва таҳсили кӯдакон барои мо яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Ба ғайр аз чопу дастрас намудани маводи таълимӣ ба кӯдакон инчунин мақсади мо ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконе мебошад, ки дорои имконияти маҳдуданл, аз ҷумла биноияшон суст аст ва мо барои ин гуна шахсон маводи таълимӣ бо шрифти Брайл омода кардаем, ки ҷузъи таҳсили фарогирро ташкил медиҳад. Айни замон имконияти зиёде ҳаст, ки кӯдакони маъюб ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва мо кӯшиш карда истодаем, ки аз имконияти мавҷуда самаранок истифода барем»,- гуфт роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон Питер Райли.
Дар анҷом ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






