Ҳайати Маҷлиси миллии Беларус аз шаҳрҳои Ҳисор ва Норак боздид намуд

Май 28, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Олег Белоконев бо ҳамроҳии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода аз корхонаи «Агротехсервис», қалъаи Ҳисор ва майдони «Регистон»-и шаҳри Ҳисор дидан намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимни боздид аз корхонаи «Агротехсервис» зикр гардид, он дар соли 2020 сад адад ва дар соли 2021 152 трактори босифати тамғаи «Беларус» истеҳсол намуда, пешкаши истифодабарандагон кардааст.

Гуфта шуд, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегардад.

Инчунин ҳайати мазкур аз неругоҳи барқи обии Норак дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар НБО-и Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати неругоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3000 МВт расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 26 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Май 28, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд