Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум

Май 13, 2022 23:01

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Абу-Забӣ аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён, Худованд биёмурзадашон, боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба сифати ходими намоёни давлатӣ дар рушду нумуи Амороти Муттаҳидаи Араб нақши намоён гузошта, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори шоиста касб намуда буд.

Мо ба талошҳои пайвастаи марҳум дар раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот арҷ ва ба шахсияти ӯ эҳтироми беандоза мегузорем.

Бинобар ин мусибати бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиёти худро сидқан иброз намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои марҳум раҳмату мағфират ва ба ҳамаи пайвандону наздиконатон сабру шикебоӣ хоҳонам.

Инна лиллаҳи ва инна илайҳи раҷиъун”.

Май 13, 2022 23:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд