Дар Душанбе густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четир Али Донмез баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Зимни мулоқот З. Завқизода иброз намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2021 то ба 390,5 миллион доллар ё 21 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот ва ҳамкорӣ дар самти “иқтисоди сабз”, аз ҷумла истеҳсоли неруи барқ аз нури офтобро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






