Дар Душанбе Кодекси нави андози Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Муаррифии Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафовути он аз Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварат гуфта шуд, ки Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ муайян намуда, ба ташаккул, рушд ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст.
Кодекси қабулгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар он ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Бо такя ба суханҳои Пешвои миллат иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян кардааст. Мақсади асосии дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин иборат буда, дар таҳияи он соҳибкорон саҳми назаррас доранд.
Тазаккур дода шуд, ки Кодекси андози нав аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар машварат муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории ш.Душанбе ва соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои бонуфузи истеҳсоливу саноатии пойтахт иштирок доштанд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






