Дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Русия ва Озарбойҷон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян, Русия Сергей Лавров ва Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Русия ва Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки пагоҳ, 13 май дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қарор доранд.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳамчунин иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.
АКС аз АИБ «Новости-Армения»








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






