Дар Вазорати маориф ва илм масоили қабули хонандагону омӯзгорон ба мактабҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба фаъолияти мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, тасвиби Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон ба забони русист ва вазъи қабули хонандагону ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ баррасӣ шуданд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки ҳоло Вазорати маориф ва илм дар робита ба мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон санад оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шароити фаъолияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2007 таҳия кардааст.
Оид ба масъалаи Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон ба забони русист, иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо дар ҳоли омодагӣ ба тасвиб қарор доранд.
Нисбат ба масъалаи қабули хонандагон ва ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби вазорат якҷоя бо иҷрокунандаи лоиҳа аз тарафи Русия гурӯҳи кории идоравӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






