Доир ба ҳамкории иқтисодию сармоягузории хориҷӣ нишасти корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо иштироки ҳузуриву маҷозии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нишасти корӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти корӣ раванди иҷрои дастуру нақшаҳои кории ҳукуматӣ роҷеъ ба густариши ҳамкории иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ бо кишварҳои мавриди масъулияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои авлавиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ гардида, дар ин зимн зарурати таҳкими абзорҳои татбиқи вазифаҳои муштарак миёни мақомоти соҳавии кишвар ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон бо мақсади рушди баъдии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои марбут ба имконияти тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ









Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






