Гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов дар Алмаато иштирок мекунанд

Май 31, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки 2-5 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, дар ин мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар (5 нафар оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ, 4 нафар оид ба гӯштини тарзи озод) ба Қазоқистон сафарбар мегарданд:

Гӯштини юнонӣ-римӣ

  1. Асламҷон Азизов (55кг)
  2. Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
  3. Шероз Очилов (72кг)
  4. Ҳабибҷон Зуҳуров (77кг)
  5. Суҳроб Абдулҳаев (82кг)

Гӯштини озод

  1. Шамсиддин Ибодов (61кг)
  2. Комрон Холов (65кг)
  3. Муборакшо Қурбонбеков (70кг)
  4. Файз Файззода (97кг)

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 31, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд