«ИН ГУНААШРО БОРЕ НАДИДААМ, ҲАЙРАТАНГЕЗ АСТ!». Давандаи австралиягӣ Мина Гули кӯҳҳои Тоҷикистонро чунин тасвир кард

Май 25, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 май шаҳрванди Австралия Мина Гули дар масири Шамсиддини Шоҳин — Дарвоз дави навбатии худро анҷом дод. Пас аз марафон ӯ таассуроташро дар бораи кӯҳҳои Тоҷикистон нақл карда, онҳоро ҳайратангез хонд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост. Тӯли муддати тамоми давҳоям ин гунаашро боре дар ягон кишвари дигар надидаам, ҳайратангез аст!» — гуфт бо мафтунӣ Мина Гули.

Чанд рӯз пеш дар мусоҳибааш бо телевизиони «ТВ Варзиш» ӯ зикр кард, ки сафар ба Тоҷикистон барояш бисёр муҳим аст, зеро Ҳукумати кишвар дар масъалаи об нақши қавии пешвоӣ дорад.

«Нақши асосии ман дар Осиёи Марказӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи буҳрони об, нишон додани аҳамияти мушкилоти пайдошуда ва ташвиқи иқдом барои ҳалли он аст», — иброз дошт Мина Гули.


Мина Гули ҳамчунин ба роҳбарияти кишвар ва тамоми масъулоне, ки дар баргузории марафони дав дар Тоҷикистон ӯро мусоидату дастгирӣ мекунанд, изҳори сипос менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, Мина Гули дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад, ки аз 16 май то 10 июн идома меёбад.


Дар ин муддат ӯ нақша дорад, ки 10 марафонро дар масофаи 458,2 километр тай карда, аз манбаъҳои бойи обии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Норак» ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намояд.


Интизор меравад, ки Мина Гули дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-8 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид